МУЛОҚОТҲО БО СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ ЖУРНАЛИСТИКА

Февраль 27, 2009 10:58

                  Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). — Роҳбарияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз имрӯз сар карда, ба гузаронидани мулоқотҳо бо собиқадорони соҳаи журналистика шурӯъ менамояд. Ба ин мулоқотҳо ҳамаи хоҳишмандон даъват карда мешаванд, дар онҳо инчунин мутахассисони ҷавон иштирок карда метавонанд. Ҳадафи ин мулоқотҳо ба журналистони ҷавон омӯхтани таҷрибаи собиқадорони соҳаи журналистика мебошад. Дар Иттифоқи журналистон зикр карданд, ки журналистони ҷавон дониши хуби назариявӣ дошта бошанд ҳам, ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надоранд. Бинобар ин омӯхтани таҷрибаи журналистони варзидаю собиқадор барои онҳо аҳамияти калон дорад.                  Тибқи нақша чунин мулоқотҳо ҳар моҳ ду маротиба гузаронида мешаванд. Мулоқоти нахустин ба журналисти маъруф, шодравон Мақсуди Ҳусейн бахшида мешавад.

Февраль 27, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид