МУЛОҚОТ ДАР ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо директори раёсати барномаҳои стратегӣ, сиёсат ва барномаҳои таъминоти моддию техникии ҳайати қумондонии нақлиётии ИМА, контр — адмирали амрикоӣ Марк Харничек мулоқот кард. Мусоҳибон масъалаи интиқоли транзитии лавозимоти ғайриҳарбӣ ва тиҷоратии ИМА — ро ба воситаи қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон баррасӣ намуданд, ки барои таъминоти ҷузъу томҳои низомии ИМА ва иттифоқчиёнаш дар ин мамлакат зарур мебошанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳ.Зарифӣ ва М.Харничек дар фарҷоми мулоқот роҷеъ ба имкониятҳои бештар ривоҷ додани ҳамкорӣ дар масъалаи беҳтар намудани вазъияти Афғонистон ва минтақа табодули назар намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






