МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МУОВИНИ ЯКУМИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимовро, ки дар раъси қисмати ӯзбекистонии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бояд тазаккур дод, ки ҳамзамон бо ин Комиссия дар Душанбе ҳайати байниҳукуматии ду кишвар оид ба баррасии масоили сарҳади давлатӣ низ иҷлоси худро баргузор намудааст, ки ҳамин тариқа дар доираи фаъолияти ин ду комиссия куллияи масоили дуҷониба баррасӣ шуданд. Дар мулоқоти Сарвари кишвар ва Раиси ҳайати мамлакати ҳамсоя масоили беҳтарнамоии муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди мубоҳиса қарор гирифт. Ба ҳаллу фасли масоили вобаста ба истифодаи захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон, муайяннамоии хатти сарҳади давлатии миёни ду кишвар, рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодию тиҷоратӣ ва як теъдод масоили мавриди нигаронӣ, аз ҷумла мушкилоти раводиду интиқоли транзитии мавод, таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир карда шуд.Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки ҳамаи масоили баҳсталаби миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бояд бо назардошти анъанаҳои неки дӯстиву ҳамкориҳои чандинасра ҳаллу фасл шаванд. Тарафҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки Аҳдномаи қитъаҳои мувофиқатшудаи сарҳади ҳарду кишварро дарбаргиранда ҳарчӣ зудтар дар парлумонҳои ҳарду кишвар ба тасвиб расанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






