МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ «ТВЕА» ЧЖАН СИН

Февраль 18, 2009 16:19

                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони ширкати ТВЕА — и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.                   Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат дар самти сохтмони иншооти энергетикӣ баррасӣ шуд.                   Чжан Син ба Сарвари давлат оид ба рафти сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол ва нақшаҳои бунёди нерӯгоҳи обии Нуробод-1 ва як Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе гузориш дод.                   Ширкати ТВЕА бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯҳдадор шуд, ки сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимолро то охири соли равон ба поён расонад.                    Ба гуфти Чжан Син, бунёди нерӯгоҳи обии Нуробод-1 дар болои дарёи Хингоб, ки иқтидори лоиҳавиаш 200 мегават аст, дар ҳоли омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ қарор дорад.                    Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе бошад, бояд бо иқтидори зиёда аз 200 мегават ва бо харҷи тақрибан 30 миллион доллари амрикоӣ дар давоми 18-20 моҳ сохта шавад.                     Дар мулоқот оид ба имконоти ҳамкорӣ дар татбиқи дигар тарҳу барномаҳо низ гуфтугӯ сурат гирифт.

Февраль 18, 2009 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид