МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ ТВЕА — И ҶУМҲУРИ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони ширкати ТВЕА — и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат дар самти сохтмони иншооти энергетикӣ баррасӣ шуд. Чжан Син ба Сарвари давлат оид ба рафти сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол ва нақшаҳои бунёди нерӯгоҳи обии Нуробод-1 ва як Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе гузориш дод. Ширкати ТВЕА бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯҳдадор шуд, ки сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимолро то охири соли равон ба поён расонад. Ба гуфти Чжан Син, бунёди нерӯгоҳи обии Нуробод-1 дар болои дарёи Хингоб, ки иқтидори лоиҳавиаш 200 мегават аст, дар ҳоли омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ қарор дорад. Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе бошад, бояд бо иқтидори зиёда аз 200 мегават ва бо харҷи тақрибан 30 миллион доллари амрикоӣ дар давоми 18-20 моҳ сохта шавад. Дар мулоқот оид ба имконоти ҳамкорӣ дар татбиқи дигар тарҳу барномаҳо низ гуфтугӯ сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






