МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО РАИСИ СОЗМОНИ САДО ВА СИМОИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон Изатулло Зарғомиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаи фарҳангу иттилоот, аз ҷумла телевизион, радио ва синамо баррасӣ шуд. Изатулло Зарғомӣ дар оғоз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри сӯҳбати пурмӯҳтавояш бо намояндагони Парлумони Аврупо ва пуштибонӣ аз ҳуқуқу манофеи Ҷумҳурии Исломии Эрон арзи сипос намуд. Дар мавриди робитаҳои дуҷониба таъкид гардид, ки умумиятҳои фарҳангӣ, аз ҷумла таърихӣ, забонӣ ва динии ду кишвар худ заминаи мусоиде аст барои рушди ҳамкориҳои густурда дар ин самтҳо. Ҳарду ҷониб бар он таъкид доштанд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Эрон баҳри таҳия ва тавлиди маводи муштараки телевизионию радиоӣ ва синамо, омӯзиши мутахассисони ҷавон ва дар дигар самтҳо бояд ҳамкориро тақвият диҳанд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи омодагӣ ба ифтитоҳи телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






