МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САЙИДМАСЪУД МИРКОЗИМИ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмасъуд Миркозимиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Нахуст Сайидмасъуд Миркозимӣ даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) расонд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки то баргузории ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), ки ба наздикӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, ба Тоҷикистон ҳамчунин Вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Мустафо Муҳаммад Наҷҷор ва Раиси садо ва симои ин кишвар Изатулло Зарғомӣ ташриф меоранд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки баҳри рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра беш аз 70 санади қарордодию ҳуқуқӣ дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидааст. Чунонки дар сӯҳбат зикр гардид, ҳаҷми савдои миёни ду кишвар дар соли 2008 маблағи 216,2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондоди соли 2007 қариб 80 миллион зиёд аст.Мусоҳибон тавсиаи муносибатҳои тиҷоратии сеҷонибаи миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистонро низ зарур шумурданд. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бунёди нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, нақбҳои мошингарди Истиқлолу Чормағзак, истеҳсоли муштараки тракторҳо ва комбайнҳои ғалладарав, мошинҳои сабукрав ва дар барқарорсозию рушди минбаъдаи бахши парандапарварии Тоҷикистон миёни ду кишвар заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодӣ муҳайё намудааст. Ҳамкорӣ дар ташкили дурусти кори минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон низ мувофиқи мақсад дониста шуд. Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ таъкид намуданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






