МУЛОҚОТИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН БО ОЛИМОНИ РУСИЯ
Маскав, 10 феврал. АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Сафири кабири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев 9 феврал дар шаҳри Маскав бо олимони машҳури Русия, ки унвонҳои илмии доктори фалсафаи Академияи информатикаи Аврупоро доранд, мулоқот кард. Мулоқоти мазкур дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав баргузор гардид. Ба гурӯҳи олимони Русия роҳбари академияи мазкур Э.Евреинов роҳбарӣ мекард. Сафири Тоҷикистон А.Достиев зикр кард, ки чунин мулоқотҳо ба равнақу ривоҷи ҳамкории илмию гуманитарии Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳанд намуд. Раиси Академияи информатикаи Аврупо Э.Евреинов ба олимон ва дипломатҳои тоҷик дар бораи ҳадафҳо ва нақшаҳои фаъолияти академия нақл намуд. Вай қайд кард, ки академия ният дорад ҳамкориро бо муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар оянда бештар густариш диҳад.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






