МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН БО СУРЪАТ АФЗОИШ МЕЁБАНД
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мулоқот байни вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода ва вазири бозоргонии Ҷумҳурии Исломиии Эрон Сайидмасъуд Миркозимӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот тарафҳо изҳор доштанд, ки дар соли 2008 муомилоти мол байни ин ду кишвари ҳамзабон 216,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2007 якчанд маротиба зиёд аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки соли гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 23 ҳазор тонна алюминий ва 21,4 ҳазор тонна нахи пахта, ба қадри зиёд пилла ва меваю сабзавот содир намуд. Аз Эрон ба кишвари Тоҷикистон бошад маводи сӯхт, маводи хӯрока, аз ҷумла равғани растанӣ, гандум, тухми мурғ, гӯшт, шакар ва инчунин кӯмакҳои башардӯстона ворид гардид. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар давоми соли 2008 якчанд намоишгоҳи молу таҷҳизоти ширкатҳои мухталифи Эрон баргузор гардид. Бо ҳамкории мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди чандин иншооти муҳим идома дорад, ки Нақби «Истиқлол» дар байни онҳо мавқеи хос дорад. Имрӯзҳо дар нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда 2» корҳои сохтмону васлкунӣ идома дошта, сохтмони роҳҳои автомобилӣ, роҳи оҳан, хати интиқоли барқ ва амсоли инҳо дар ояндаи наздик дар назар аст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






