МУНШИИ УМУМИИ СММ БА МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ САФАР МЕКУНАД

Февраль 20, 2009 17:27

                    Душанбе, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо намояндаи махсуси муншии умумии СММ, роҳбари маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунандаи СММ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча мулоқот кард. Зимни сӯҳбат роҷеъ ба самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунандаи СММ дар марҳалаи ҳозира табодули назар карда шуд. Мусоҳибон масъалаҳои марбут ба нақшаҳои фаъолияти маркази минтақавиро дар соли 2009 баррасӣ намуданд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки баъдан зимни сӯҳбат масъалаҳои марбут ба вазъияти минтақа, сафари ояндаи Муншии умумии СММ Пан Ги Мун ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои дигар муҳокима шуданд.

Февраль 20, 2009 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд