МУНШИИ УМУМИИ СММ ДАР АФҒОНИСТОН
Кобул, 5 феврал. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). — Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун 4 феврал барои боздид ба Кобул омад. Вай зимни мулоқот бо президенти Афғонистон Ҳамид Карзай зикр намуд, ки Созмони милал мисли пештара ба ҳалли проблемаҳои Афғонистон диққати аввалиндараҷа медиҳад. Таъкид шуд, ки мамлакатҳои мададгори Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон бояд ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашонро дар бобати дастгирии Афғонистон пурра ва қатъӣ иҷро намоянд. Баъдан масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти Афғонистон ва тайёрӣ ба интихоботи президенти мамлакат муҳокима шуданд. Пан Ги Мун дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки Афғонистон дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи президент ва тақвияти мубориза ба муқобили силоҳбадастон соли равон ба таҳдидҳои нисбатан мураккаб мувоҷеҳ хоҳад гашт. Қайд карда шуд, ки СММ ҳамаи вазифаҳои худро дар бобати дастгирии Афғонистон комилан иҷро хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






