МУРОҶИАТНОМАИ ФИКМ ВА ШӮРОИ ВЕТЕРАНҲО БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ ВА СОБИ&#117

Февраль 6, 2009 14:52

                  Душанбе, 6 феврал. АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Шӯрои ветеранҳои ҷумҳурӣ вобаста ба тайёрӣ ба 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 ба унвони иштирокчиён, ветеранҳои ҷанг, собиқадорони меҳнат ва ташкилотҳои иттифоқи касаба муроҷиатнома қабул карда шуд. Муроҷиатномаи мазкур дар доираи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 23 октябри соли 2008 «Роҷеъ ба соли ветеранҳои ҶБВ эълон намудани соли 2010» қабул гардид. Дар робита Кумитаи тадорукот ва барномаи тайёрӣ ба ҷашни 65 — солагии ғалаба дар ҶБВ ташкил карда мешаванд.                  Дар муроҷиатнома воситаҳои ахбори оммавии иттифоқҳои касаба вазифадор карда шудаанд, ки ҳақиқати таърихиро дар бораи ҷанг ҳамаҷониба инъикос намуда, дар бораи корнамоию қаҳрамонии намояндагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои ҶБВ хабару мақолаҳо чоп карда, ба муносибати 65 — солагии ғалаба дар ҷанг тадбирҳо андешида, кӯшишҳои таҳрифи натиҷаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро пешгирӣ намоянд. Дар маҷлис зикр шуд, ки айни ҳол дар қисми зиёди мамлакатҳои ИДМ ба ҷашни ғалаба тайёрӣ дида мешавад.                  Дар Тоҷикистон ҳам ба ин муносибат гузаронидани тадбирҳои гуногуни тантанавӣ пешбинӣ карда, барои ҳифзи иҷтимоии иштирокчиён ва маъюбони ҷанг, заҳматкашони ақибгоҳ ва оилаҳои аскарону афсарони ҳалокшуда, инчунин, абадӣ гардонидани хотираи ҳомиёни ватан чораҳо андешида хоҳанд шуд.                Дар муроҷиатнома ба зиёд кардани маблағи нафақаи иштирокчиёну ветеранҳои ҷанг, нигоҳ доштани имтиёзу кафолатҳои дар Созишномаи генералии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди соҳибкорон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пешбинишуда диққати махсус дода мешавад.                                                                                                                                Тарҷумон — Қудратов А.  

Февраль 6, 2009 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!