МУТАХАССИСОНИ «ГАЗПРОМ» ДАР ТОҶИКИСТОН БА КОР ШУРӮЪ МЕКУНАНД

Февраль 23, 2009 14:40

                   Душанбе, 23 феврал. АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар шаҳри Оренбург бахшида ба масъалаи тезонидани фаъолияти муассисаҳои тобеи «Газпром» — и Федератсияи Русия дар бобати ҷустуҷӯи захираҳои гази табий дар Тоҷикистон машварати махсуси техникӣ баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон сардори раёсати умумии геологияи назди Ҳукумати мамлакат Азим Иброҳим, муовини вазири энергетика ва саноат Заробиддин Файзуллоев, сармутахассиси шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Хайруллобек Ғафуров ва аз ҷониби Русия сартехнологи раёсати иҷозатномадиҳӣ ва истифодаи захираҳои табиии Ҷамъияти саҳомии «Газпром» Виктор Антонов, мудири иҷроияи Ҷамъияти саҳомии мазкур Юрий Скок, сармуҳандис Владислав Соколов, намояндагон ва роҳбарони раёсати истихроҷи гази Оренбург, Ҷамъияти саҳҳомии «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти захираҳои гази Волгаю Урал» ва Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии «Оренберггазгеофизика» иштирок доштанд.                    Иштирокчиёни машварат бо фаъолияти корхонаҳои калонтарини саноатии Ҷамъияти саҳҳомии «Истихроҷи гази Оренберг» ва пажӯҳишгоҳҳои таҳқиқоти илмӣ шинос гардиданд. Дар машварат масъалаҳои тезонидани оғози корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон бо мақсади ошкор намудани захираҳои газ муҳокима карда шуд. Тибқи паймони дуҷониба, мутахассисони «Газпром» мавзеъҳои Сариқамиш, Саргазон ва Рангонро таҳқиқ менамоянд.                   Бо ин мақсад техникаи зарурии навтарин ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Охири ҳамин сол кандани чоҳҳои газ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Қайд карда шуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон захираҳои гази табиӣ дар чуқурии камаш 5,5 — 7 километр воқеъ гардидаанд. Сардори раёсати умумии Геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар машварат зикр намуд, ки мутахассисони Русия бо ҳамин сабаб дар шароити ниҳоят душвор ба кор шурӯъ менамоянд. Зеро дар бораи мавқеи ҷойгиршавии газ дар Тоҷикистон ягон маълумоти аниқ вуҷуд надорад. А.Иброҳим изҳори умед кард, ки мутахассисони Русия бо истифода аз таҷрибаи калонашон ва техникаю технологияи навтарин натиҷаҳои мусбат ба даст меоранд ва Тоҷикистон ояндаи наздик соҳиби газ хоҳад гашт.                                                                                                                                            Тарҷумон — Қудратов А

Февраль 23, 2009 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад