НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ (ТРОЛЛЕЙБУС) НАҚЛИЁТИ НАФАҚАХӮРОН

Февраль 13, 2009 13:22

                  Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ду-се рӯзи охир бо сабаби иваз кардани хатсайрҳои ба истилоҳ «Танген»-ҳо рафтуомад ба кору донишгоҳҳо мушкилотеро ба бор овардааст.                  Сафи одамони дар роҳи нақлиёти хурди мусофирбар (маршруткаҳо)- и кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Неъмат Қарабоеви шаҳр интизоридошта , хеле зиёд аст.                  -Мардуми ба маршруткаҳо одат карда, дигар автобусу троллейбусро намехоҳад, инҳо нақлиёти барои нафақахӯрону маҷрӯҳон истеҳсол шудаи солҳои 80-90-и асри гузашта мебошанд,-мегӯянд онҳое,ки яке ба донишгоҳу дигаре ба кор шитоб доранд.                 Тибқи маълумоти оморӣ, Раёсати троллейбусҳои шаҳри Душанбе ҳаҷми мусофиркашониро нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 34 фоиз кам кардааст.                  Аз моҳи сентябри соли 2008 нақлиёти барқии шаҳри Хуҷанд фаъолият надорад.                 -Роҳро мошинҳои шахсӣ танг карда бошанд, айби маршруткачиён чист? Айби ошро аз мош ҷустан магар кори савоб аст, мегӯяд дигар корафтода, ки ним соат боз автобусу троллейбус мепояд.

Февраль 13, 2009 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид