НАҚШАИ БУҶЕТҲОИ МАҲАЛЛӢ ИҶРО ШУД
Душанбе, 3 феврал. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки нақшаи буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи манбаъҳои даромад ва андоз 116 фоиз иҷро карда шуд. Дар натиҷа ба буҷети давлат 941,5 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 129 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2007 — ум 287,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Соли 2008 аз буҷети ҷумҳурӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ барои иҷрои ҳадафҳои муайян 181,6 миллион сомонӣ, аз рӯи ҳисобу китоби мутақобала 34,7 миллион сомонӣ ва барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шаҳри Душанбе 6 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Илова бар ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳаҷми 71,4 миллион сомонӣ буҷети иловагӣ қабул карданд, ки тамоми маблағи он пурра истифода карда шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






