НАМОИШГОҲИ “ПРОДЭКСПО-2009” ДАР ШАҲРИ МОСКВА БА КОРИ ХУД ОҒОЗ КАРД

Февраль 9, 2009 14:39

                 Душанбе, 9 февраля. (АМИТ "Ховар", Покиза Маҳмадбекова). — Панҷ корхонаи коркарди мева ва сабзавоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии саноатӣ хӯрокворӣ ва нӯшока "ПродЭкспо-2009", ки 9 феврал дар шаҳри Маскав шурӯъ шуд, аз ин кишвар намояндагӣ мекунанд. Ин корхонаҳо "Шарбатҳо" ва "Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ" (собиқ Гули Кӯҳсор") аз шаҳри Душанбе ва "Корхонаи консервбарории Ҳасанов", "Элита-Истаравшан", ва "Тоҷфрут" аз вилояти Суғд мебошанд.                 Роҳбари лоиҳаи «Дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон» (GTZ) Маттиас Ҳалдер дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ "Ховар", гуфт, ки ин намоишгоҳ барои корхонаҳои Тоҷикистон як имконияти хубест, то маҳсулоти худро ба доираи васеъи истеъмолкунандагон дар Русия, Аврупои Шарқӣ ва Ғарбӣ нишон бидиҳанд. Ба қавли ӯ, ин намоишгоҳ имкон медиҳад, то корхонаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷӣ робитаҳои мутақобилан судманд барқарор намоянд. Аз ҷониби корхонаҳои Тоҷикистон намудҳои гуногуни маҳсулот барои намоишгоҳ омода шудааст.                Аз рӯи иттилои роҳбари лоиҳаи Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон Саидмӯъмин Камолов, Намоишгоҳи мазкур ба корхонаҳои Тоҷикистон имкони воқеъии пешбурди тиҷорати худ дар бозорҳои беруна, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва роҳҳои нави фурӯшро фароҳам меорад.                Бояд гуфт, ки шонздаҳумин намоишгоҳи байнулмилалии саноати хӯрока ва нӯшока "ПродЭкспо-2009" то 13 феврал идома ёфта, бо мусоидати ҳукумати шаҳри Маскав ва Палатаи тиҷорат ва саноати Русия баргузор мегардад. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрока дар ҳудуди собиқ Шӯравӣ бо кӯмаки молӣ ва фаннии Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ) ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (ITC) имконпазир гардидааст.  

Февраль 9, 2009 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад