НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲА
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 12 феврал дар Вазорати маорифи ҶТ маҷлиси кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Дастгирии таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон- даври 2» баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти лоиҳа дар соли 2008 ва нақшаҳои он дар соли 2009 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур аз 3 қисми асосӣ иборат буда, қисми якум «Мушовара оид ба таҳияи стратегия ва баланд бардоштани иқтидори Вазорати маориф дар модернизатсияи системАи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ба Стратегияи миллии рушди маориф равона карда шудааст ва баланд бардоштани иқтидори коргарони вазорати маорифро дар амалӣ сохтани стратегияи иҷрои ислоҳот дар ТИК пешбинӣ менамояд. Дар чаҳорчӯбаи қисми дуввуми лоиҳа «Модернизатсияи барномаҳои таълимӣ ва тайёркунии муаллимон» 4 барномаи таълимӣ аз ихтисосҳои «Кафшергари газу барқ», «Монтери барқӣ оид ба тармим ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Челонгар оид ба тармим ва хизматрасонии таҷҳизоти санитарӣ» ва «Дуредгар» таҳия карда шуданд. Барномаҳои таҳиягардида ба талаботи бозори меҳнати Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошанд. Барномаҳои таълимии мазкур дар Омӯзишгоҳҳои касбӣ техникии шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Душанбе ва дар Литсеи касбии саноати кимиёвии ш. Сарбанд амалӣ шуда истодаанд. Барои муаллимон ва устодон машғулиятҳо оид ба такмили малакаҳо ва донишҳо дар соҳаи таҳияи барномаҳои таълимӣ ва истифодабарии усулҳои муосири омӯзиш гузаронида шуд. Барои аъзоҳои гурӯҳҳои корӣ сафари таълимӣ ба Олмон барои шиносоӣ бо системаи таҳсилоти касбии Олмон ташкил карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 169 шунавандагони гурӯҳҳои пилотӣ бо маводҳои канселярӣ, материалҳои таълимӣ ва дастурамалҳои хониш таъмин карда шуданд. Қисми сеюм ба комилан паҳн кардани натиҷаҳои лоиҳа ба системи ТИК Тоҷикистон-таҳия ва чопи барномаҳои таълимии пилотӣ, таҳия ва чопи дастурамалҳо оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ равона карда шудааст. Лоиҳа аз тарафи Иттифоқи Аврупо маблағгузорӣ шуда, 2 сол идома меёбад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






