НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ ТАҶАССУМГАРИ ФАРҲАНГИ ОРИЁИСТ

Февраль 28, 2009 10:01

                  Душанбе, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷашни миллии тоҷикон -Наврӯзи ҳуҷастапай дар Душанбе 21 март дар Варзишгоҳи марказӣ ва атрофи Кӯли ҷавонону Кохи Борбад бо фарогири намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки таҷассумгари фарҳанги оламшумули мардумони ориёианд, баргузор мешавад.                  Масъалаи омодагии наврӯзи Душанбе дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд баррасӣ гардид.                  Коргардони базми наврӯзи Душанбе яке аз ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, Убайдулло Раҷабов мебошад.                   Наврӯзи фархундапайро бидуни чорбиниҳои варзишӣ тасаввур кардан номумкин аст.Аз ин рӯ, 22 март дар Варзишгоҳи марказӣ чорабинии варзишии гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт сайругашти оммавӣ сурат мегирад.

Февраль 28, 2009 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад