ОҒОЗИ РӮЗҲОИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ»Ховар», Людмила Дубинина). — Дирӯз дар Маркази ҷавонони «Пойтахт» маросими ботантанаи оғози рӯзҳои забон ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он мушовири Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Мансур Сайфиддинов, котиби аввали сафорати Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Кабаев, вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва шахсони дигари расмӣ ширкат варзиданд. Ректори Донишкадаи давлатии забони русии Маскав ба номи А.С.Пушкин Юрий Прохоров ҷамъомадагонро ба муносибати оғози рӯзҳои забону фарҳанги русӣ дар Тоҷикистон табрик намуд. Дар фарҷоми ҷамъомад консерти калони идона намоиш дода шуд. Иштирокчиёни он баъди чошт дар Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский асари саҳнавии «Панҷ зани Хоҷанасриддин» — ро тамошо карданд. Тарҷумон — А.Қудратов








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






