ОҒОЗИ ЯРМАРКАИ ФУРЎШИ НИҲОЛҲО, КЎЧАТИ ГУЛҲО ВА ТУХМИ ЗИРОАТҲО

Февраль 18, 2009 14:04

                  Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2005-2010» ва барои боз ҳам ободу зебо намудани боғу гулгаштҳо ва хиёбонҳо, 28 феврали соли 2009 дар боғи «Дустии халқҳо»-и шаҳри Душанбе ярмаркаи фурўши ниҳолҳо, кўчати гулҳо ва тухмии зироатҳои хушсифатро баргузор мекунад.                 Барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка дар вазорат гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии бевоситаи муовини вазир Ш. Раҳимназаров таъсис дода шудааст.                Дар ярмарка Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвари «Тоҷикниҳолпарвар», Корхонаи воҳиди давлатии «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон», кишоварзони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ниҳолҳои гуногуни мевадиҳандаю сояафкан, кўчати гулу буттаҳо ва тухмиҳои баландсифатро пешкаши харидорон мегардонанд.                  Бо дастгирии раёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо низ чунин ярмарка — фурўши ниҳолҳо гузаронида мешавад.   

Февраль 18, 2009 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад