ОМОДАГӢ БА КОРҲОИ САҲРОӢ ТАШВИШОВАР АСТ
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ аз рафти омодагӣ ба корҳои баҳорӣ конфронси матбуотӣ доир карда шуд. Дар кори конфронс сардорони раёсатҳои вазорат Саидмурод Баҳриддинов, Сафар Маҳмадиев, Баҳром Абдуалимов ва Юсуф Муродов аз натиҷаи сафари корӣ ба шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ барои хабарнигорони дохилу хориҷ иттилоъ доданд. Тибқи маълумоти ба дастомада, масъалаҳои зимистонгузаронии чорво дар вилояти Суғд, бозпасгардонии қарзҳои бонкӣ ва фурӯши пахтаи ҷамъовардаи соли 2008 ташвишовар арзёбӣ гардид. Деҳқонони пахтакор бо сабаби паст шудани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ фурӯши пахтаро то боло рафтани нархи он қатъ карданд, ки ин боиси бе маблағ мондани деҳқонон дар мавсими кишти баҳорӣ мегардад. Дар ҷумҳурӣ аз 134 ҳазору 170 гектар замини барои кишти баҳорӣ пешбинишуда, ҳамагӣ 11 ҳазору 985 гектар кишт шудааст. Шудгори заминҳо бошад ҳамагӣ 60 фоизро ташкил медиҳад. Ин ва дигар камбудиҳои дар боло зикршударо наметавон нодида гирифт. Гурӯҳи корӣ гарчӣ рафти омодагиро ба кишти баҳорӣ чандон бад арзёбӣ накард, аммо талафи чорво дар вилояти Суғд, ворид нашудани сӯзишворӣ ба қадри кофӣ, захираи ками хошок барои чорво, ба охир нарасидани шудгори заминҳо ва заҳролуд нашудани чигити тухмӣ ва боз камбудиҳои дигар аз вазъи боз ҳам бадтари омодагиҳо ба зимистонгузаронии чорво ва кишти баҳорӣ бозгӯанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






