ОЗМУНИ РӮЗНОМАНИГОРОН
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик барои рӯзноманигороне, ки соли 2008 дар саҳифаҳои матбуоти даврии ҷумҳурӣ силсилаи мақола ва маводи публисисти беҳтарин дар мавзӯъҳои сиёсӣ (инъикос ва баррасии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату созандагӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ), ислоҳоти иқтисодӣ (инъикоси навгонӣ ва мушкилоти иқтисодӣ, нишон додани роҳҳои ҳалли онҳо), масоили иҷтимоӣ (муҳоҷирати меҳнатӣ, танзими расму оинҳо, маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маърифати ҳукуқӣ), фарҳанги миллӣ ва тамаддуни тоҷикон (тарғиби фарҳанги асили миллӣ, дастовард, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо, соли забони тоҷикӣ, соли бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ), ифшои падидаҳои номатлуби ҷомеа ва нишон додани роҳҳои мубориза бар зидди онҳо (фасод, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, СПИД, худкушӣ, маҳалгароӣ, хурофот, ифротгароӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим) ва тарбияи ҷавонону наврасон (таҳсил, касбомузӣ, ахлоқи ҳамида, рущди маънавӣ ва ғайра) озмун эълон мекунад. Дар озмун ҳамаи кормандони рӯзномаву маҷаллаҳо метавонанд иштирок намоянд. Пешниҳодҳо (номи муаллиф ва мақолаҳои аз 15.03.2008 то 1.03.2009 навиштаи ӯ) то 5.03.2009 дар раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг қабул карда мешаванд. Ғолибони озмун бо диплом ва мукофотҳои пулии Вазорати фарҳанг сарфароз гардонда мешаванд. Озмун дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи матбуот ҷамъбаст карда мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






