ПАЛАТАИ ТИҶОРАТИИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дирӯз дар Душанбе ба муносибати ба фаъолият шурӯъ намудани Палатаи тиҷоратии ИМА ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар он сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон, тоҷирону соҳибкорони маҳаллию хориҷӣ, созмонҳои ҳукуматӣ ва байналхалқӣ, намояндагони сафоратхонаҳои ИМА, Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир ширкат варзиданд. Сафири ИМА Т.Э. Ҷейкобсон дар ҳузури ҷамъомадагон сухан карда, зикр намуд, ки Палатаи тиҷоратии мамлакаташ дар пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон бо роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ саҳми калон хоҳад гузошт. Қайд карда шуд, ки вазифаҳои асосии Палатаи тиҷоратии ИМА ҳифзи манфиатҳои тоҷирону соҳибкорон, иштироки фаъолона дар эҷод ва такмили қонунҳо, муҳайё сохтани шароит барои гуфтушунид, расондани кӯмак ба тоҷирону соҳибкорон дар бобати бартараф сохтани монеаҳои беасоси маъмурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон, додани маълумоти саривақтии зарурӣ ва ғайра мебошад. Сафир афзуд, ки Палатаи тиҷоратии ИМА дар Тоҷикистон ояндаи наздик ба шабакаи ҷаҳонии палатаҳои тиҷоратии мамлакат пайваст хоҳад гашт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






