ПИЗИШКОНИ БЕҲТАРИНИ ҶУМҲУРӢ БА САФАР БАРОМАДАНД
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Гурўҳи пизишкони беҳтарини ҷумҳурӣ барои гузаронидани муоинаи тиббии бинокорон ба сохтмони иншооти нерўгоҳҳои Сангтўда -1, Сангтўда — 2 ва Роғун сафарбар карда шуданд. Тавре, ки аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо супориши Вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов, пизишкони варзидаи соҳаҳои гуногуни тиб, ба монанди табиби дандонпизишк, силшинос, уролог, табиби эндокринолог, иммунолог, табиби бемориҳои дарунӣ, чашмпизишк, табиби бемориҳои гўшу гулўю бинӣ, табиби бемориҳои асаб, акушер-гинеколог ва ғайра сохтмончиёнро муоина ва табобат хоҳанд намуд. Ҳайати табибон бо таҷҳизоти тиббии муосир, аз қабили дастгоҳҳои электрокардиограф, ултрасадо (УЗИ) ва дорувории зарурӣ таъмин карда шудаанд. Ғайр аз ин, бо супориши Вазир ҳайати табибон бо 6 ҳазор дона ваксинаҳои зиддизуком барои эмкунии бинокорон таъмин карда шуданд. Фаъолияти пизишкон дар сохтмони иншоотҳои стратегии кишвар то 20-уми феврал идома хоҳад ёфт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






