РАҚИБОНИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН ШУДАНД
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шаҳри Куала -Лумпур, пойтахти Малайзия, қуръакашии даври интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё байни ҷавонони то 19-сола баргузор шуд. 42 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба 7 гурӯҳ тақсим шуданд. Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи А бо тимҳои Урдун, Яман, Непал (мизбони сабқат), Фаластин ва Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Инчунин, қуръакашии даври интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё байни наврасони то 16-сола доир гардид. 45 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба 8 гурӯҳ тақсим шуданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи В бо тимҳои Эрон, Баҳрайн, Лубнон, Непал ва Ҷазираҳои Молдив рақобат хоҳад кард.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






