РАИСИ СОЗМОНИ САДО ВА СИМОИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Февраль 16, 2009 17:09

                Душанбе, 16 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 17 феврал Раиси Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳандис, Сайид Изатулло Зарқомӣ бо даъвати Раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Душанбе меояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ёвари Раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Толиб Холов иттилоъ дод.                Мақсади сафари Раиси Созмони Садо ва Симои Эрон ба Тоҷикистон тақвияти робитаҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар дар бахши фаъолиятҳои радио ва телевизион мебошад.                Зимни сафари худ ба Душанбе Сайид Зарқомӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ Сайидмурод Фаттоев, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонов мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои судмандро дар бахши радио ва телевизион матраҳ менамояд. Интизор меравад, ки масъалаи ташкили шабакаи телевизони кишварҳои форсизабон, ки қароргоҳаш шаҳри Душанбе интихоб гардидааст, дар меҳвари мулоқотҳо хоҳад буд.                 Ҳамзамон, Зарқомӣ зимни сафари 5-рӯзаи худ ба Душанбе аз муассисаҳои давлатии телевизиони «Сафина», «Ҷаҳоннамо», телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон», радиои Тоҷикистон ва «Шабакаи аввал»-и телевизони Тоҷикистон дидан намуда, бо фаъолияти ин муассисаҳо аз наздик шинос мешавад. Ӯ ҳамчунин дар барномаи «Пайванд»-и «Шабакаи аввал»-и телевизиони ҷумҳурӣ иштирок мекунад.                 Бояд зикр кард, ки байни Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои 2002 ва 2007 Тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки он ба рушди робитаҳои ҳасанаи ҳар ду кишвар мусоидат менамоянд.

Февраль 16, 2009 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид