РОМАДАНОВСКИЙ БО РАИСОНИ ҶАМЪИЯТҲОИ ТОҶИКОНИ РОССИЯ МУЛОҚОТ КАРД

Февраль 26, 2009 16:38

                Душанбе, 26 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бори нахуст Директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия Константин Ромадановский дар шаҳри Маскав бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии умумиросиягии «Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия» вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ, ки Сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД -и Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ва Раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия Абдулло Давлатов иштирок доштанд, масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия баррасӣ гардиданд.               Тибқи иттилои нозири калони гурӯҳи матбуотии Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и ҷумҳурӣ Раҷаббек Илёсов, масъалаҳои ташкили мунтазами мубодилаи иттиллоот байни Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия, Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ ва Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия ҷиҳати ҳалли проблемаҳо ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳудуди Федератсияи Россия, дохил намудани раисони минтақавии Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ-консултативӣ дар назди Раёсатҳои хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия дар минтақаҳо, проблемаҳои рондан аз қаламрави Федератсияи Россия, зарурияти ташкили комиссия оид ба авф кардани шаҳрвандони Чумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо, ки аз Федератсияи Россия ронда шудаанд, дар маркази диққати мусоҳибон қарор доштанд.

Февраль 26, 2009 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад