СӮҲБАТ БО ЖУРНАЛИСТОНИ ТУРК

Февраль 4, 2009 10:29

               Анқара, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). — Кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия 2 феврал дар Анқара бо гурӯҳи журналистони турк мулоқот карданд. Мулоқот ба проблемаҳои энергетикии Тоҷикистон бахшида шуд. Кормандони сафорати Тоҷикистон ба намояндагони воситаҳои ахбори оммавии Туркия дар бораи вазъияти душвори дар Тоҷикистон бар асари нарасидани қувваи барқ ба амал омада маълумоти муфассал доданд. Дар робита хабар дода шуд, ки имрӯзҳо ба хонаҳои сокинони пойтахт дар як шабонарӯз 15 соат ва дар минтақаҳои дигар ҳамагӣ 3 — 4 соат қувваи барқ дода мешавад.             Сафорати Тоҷикистон бо мақсади пешгирии зуҳуроти бӯҳронӣ дар соҳаи энергетикаи мамлакат бори дигар соҳибкорони Туркияро даъват намуд, ки ба иҷрои барномаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду миёна дар Тоҷикистон маблағ гузоранд.

Февраль 4, 2009 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид