СӮҲБАТ Э. РАҲМОН БО А. ШИММЕЛПФЕННИНГ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт. Аксел Шиммелпфенниг ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба кори гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор, ки тайи ду ҳафта бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои барномаи анҷомёфта ва таҳияи Барномаи нави ҳамкорӣ гузарондаанд, гузориш дод. Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои молиявию бонкии кишвар ҳамаи шарту шароитро барои идома ва густариш додани ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар созмонҳои байналмилалию кишварҳои мададрасон иҷро намудааст. Ба гуфти ӯ, марҳилаи аввали гуфтушунидҳо оид ба таҳияи Барномаи нави ҳамкорӣ ба поён расид. Мутобиқи ин барнома Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад. Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин таъкид намуд, ки Хазинаи байналмилалии асъор дигар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасонро низ ба расондани кӯмакҳои молиявӣ ба Тоҷикистон ташвиқ хоҳад кард. Зимни сӯҳбат тарафҳо ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти ПРезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






