СӮҲБАТИ ВАЗИРИ ТИҶОРАТИ ЭРОН БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 6 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидмасъуди Мирқозимӣ 5 феврал баъди мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакат мухтасар сӯҳбат кард. Вай изҳор намуд, ки ҳамроҳи Сардори давлати Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, тиҷорат, фаъолияти бонкҳо ва алоқа баррасӣ намудааст. Вазири тиҷорати Эрон аз номи Президенти мамлакаташ Маҳмуд Аҳмадинажод Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар маҷлиси Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат варзад. Маҷлиси мазкур соли равон дар Теҳрон баргузор мегардад. Ба қавли С.Мирқозимӣ, дар ҷараёни маҷлиси Созмони ҳамкории иқтисодӣ гуфтушуниди намояндагони Тоҷикистону Эрон бахшида ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ пешбинӣ карда мешавад. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар бобати ҳамлу нақли транзитии мол мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Вазири тиҷорати Эрон изҳор намуд, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон Маркази тиҷоратии мамлакаташ кушода хоҳад шуд. Мо талаботи бозори Тоҷикистонро ҳамаҷониба омӯхта, кӯшиш хоҳем, кард, ки молҳои бозоргирро ба Тоҷикистон фиристем. Маркази тиҷоратиро тоҷирону соҳибкорони эронӣ бунёд хоҳанд кард. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон аз Эрон таҷрибаи ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодиро омӯхта метавонад. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки Тоҷикистон масъалаи истифодаи минтақаи озоди иқтисодии қисмати ҷанубии Эрон — Бандарбозро баррасӣ намояд, ки ба воситаи он ба мамлакатҳои дигар баромадан мумкин хоҳад гашт, гуфт вазири эронӣ. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар сӯҳбат сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст низ иштирок дошт. Вай зикр намуд, ки Эрон дар сохтмони НБО Роғун ҳатман ширкат хоҳад варзид.Сафири Эрон хабар дод, ки рӯзҳои наздик вазири мудофиа ва раиси кумитаи телевизион ва радиои мамлакаташ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.








ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






