САДАМОТИ МАРГБОРИ НАҚЛИЁТӢ
Кӯлоб, 4 феврал.( АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бар асоси иттилои сардори шӯъбаи БДА — и минтақаи Кӯлоб Талбӣ Сафаров давоми соли 2008 дар минтақа 123 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба кайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 62 нафар ба ҳалокат расида, 145 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар минтақаи Кӯлоб 24 ҳазору 11 адад мошинҳои шахсиву давлатӣ ба кайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6 ҳазор зиёд мебошад. Ба гуфти Талбӣ Сафаров давоми соли 2008 — ум аз тарафи кормандони БДА — и минтақаи Кӯлоб 48 ҳазору 136 қоидавайронкунӣ ошкор гардидааст. Аз ин шумора 427 адад дар ҳолати мастӣ, 6136 афзоиши суръати ҳалокат, 450 обгон (сабқат), 370 сурх гузаштани чароғак ва 2191 адад бе ҳуҷчати ронандагӣ бошад. Аксари қоидавайронкунандагон ҷавонони синни 24 то 36 сола мебошанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






