САФАРИ КОРИИ КОТИБИ ИҶРОИЯИ ИДМ БА КИШИНЁВ

Февраль 10, 2009 10:02

             Душанбе, 10 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев дирӯз барои боздиди корӣ ба шаҳри Кишинёв рафт. Вай зимни сафар бо президенти Ҷумҳурии Молдавия В.Воронин мулоқот хоҳад кард. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба раёсати Молдавия дар ИДМ баррасӣ карда мешаванд.            Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки раёсати Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои иқтисодӣ ва Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори ИДМ аз 1 январи соли 2009 сар карда ба зиммаи Молдавия гузошта шуд. Ҷумҳурии Молдавия бо назардошти мақоми узвияташ дар ИДМ изҳор намуд, ки ҳамкории давлатҳои Иттиҳодро бештар ривоҷ дода, ба ҳамгироии иқтисодии онҳо мусоидат менамояд.  

Февраль 10, 2009 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд