САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРИ МАСКАВ
Рӯзи 4 феврал дар шаҳри Маскав ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар сатҳи сарони давлатҳои аъзои ин созмонҳо баргузор гашт. Нимаи якуми рӯз ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷараён гирифт, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони ҳамаи давлатҳои дигари аъзои он — Арманистон, Беларус, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Баррасии масоили вобаста ба таъсиси нерӯҳои муштараки зудамал, фаъолияти қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, авзои кунунии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз мавзӯъҳоиасосии рӯзномаи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ буд. Қабули қарор дар бораи таъсиси нерӯҳои муштараки зудамали Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ натиҷаи асосии ин ҳамоиши сарони давлатҳо маънидод гашт. Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия нимаи дуюми рӯз баргузор гашт. Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои ин созмон Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон, Беларус — Александр Лукашенко, Россия — Дмитрий Медведев, Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев ва Қирғизистон — Қурмонбек Боқиев иштирок намуданд. Дар ҷаласа ҳамчунин Президенти Арманистон Серж Саргисян иштирок дошт, ки кишвараш дар ин созмон дорои мақоми нозир аст. Андешидани чораҳои муассири зидди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва баррасии дигар масоили умда дар қаламрави кишварҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар маркази таваҷҷӯҳи сарони давлатҳо қарор гирифт. Қабули қарорҳоро дар бораи таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ бо маблағи 10 миллиард доллари амрикоӣ ва Маркази технологияҳои олӣ метавон аз натиҷаҳои асосии Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия маънидод кард. Дар ҳошияи ҳамоишҳои ғайринавбатии сарони давлатҳои ду созмони номбурда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тезондани сохтмони иншооти инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ зоҳир гардид. Ба масоили таҳкиму тавсиаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.Сарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки баррасии масоили ҳалталаб ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро нимаи дуюми моҳи феврали соли равон дар шаҳри Маскав идома диҳанд. Дмитрий Медведев ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар давоми соли равон ба Федератсияи Россия сафари давлатӣ анҷом бидиҳад.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






