САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ЯМАН БА ТОҶИКИСТОН

Февраль 27, 2009 13:02

                  26 феврал Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе баргузор гашт.                  Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.                  Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Яман бо садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузориши фармондеҳи Горди ифтихории Тоҷикистон, гузаштан аз назди ҷузъу томҳои он, эҳтиром овардан ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб ҷараён гирифт.                  Масоили ҳамкории Тоҷикистону Яман пагоҳ зимни мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баррасӣ мегардад.                  Аз рӯйи натиҷаи мулоқотҳо ба имзо расадани якчанд санади нави ҳамкорӣ ва нишасти матбуотии сарони ду давлат дар назар аст.                  Хотиррасон мекунем, ки 4 санади дигари ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, илму техника, фарҳанг, маориф ва машваратҳои сиёсӣ зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Яман моҳи декабри соли гузашта ба имзо расида буд, ки ин заминаи нахустини сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқуқӣ барои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Яман гашта буд.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Февраль 27, 2009 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид