САРБОЗОНРО БО ТӮҲФАҲО САРФАРОЗ КАРДАНД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). Бахшида ба 16 -умин солгарди артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод бо комиссариати ҳарбии қисми низомии 13483 ноҳияи Восеъ ҳамчун туҳфаи идона маводи хӯрока ба маблағи 2500 сомонӣ, аз ҷумла равған, биринҷ, обҳои нӯшокӣ, сабзавот ва дигар маводҳо тақдим карда шуд. Мудири шӯъбаи маънавиёти ноҳия Абдураҳим Зарифов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия низ ба 40 нафар сарбозон кӯмаки моддӣ расонданд. Мавриди зикр аст, ки аз тарафи ҷамоати деҳоти Кӯлчашма ба қисми ҳарбии 2931 деҳаи Шовуни ноҳияи Шӯробод низ маводи хӯрока ба маблағи 2000 сомонӣ тақдим карда шуд. Дар ҳамаи ин қисмҳои ҳарбӣ ҳамзамон ҷиҳати болидахотирии сарбозон базмҳои консертӣ ташкил карда шуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






