САРДОР ҲАМ ҶИНОЯТКОР МЕШАВАД

Февраль 12, 2009 15:12

                    Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре аз Прокуратураи генералии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Р. Шарипов бо фармонҳои вазири корҳои дохилии ҶТ аз соли 2004 ба ҳайси ҷонишини сардори Шуъбаи корҳои дохилии (ШКД) ноҳияи А.Ҷомӣ ва аз соли 2007 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори ШКД — и ноҳияи Ҷ.Румӣ таъин гашт. Ӯ ҳамчун шахси мансабдор бо маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони масъули ШКД — и ҳамин ноҳия дар давраи фаъолияташ ба содир намудани ҷиноятҳои мансабӣ аз қабили баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, қаллобӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, ғайриқонунӣ дастгир намудан, қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва вайрон намудани дахлнопазирии манзил машғул гаштааст.                    Нисбати ин амалҳои ғайриқонунии Р. Шарипов ва ҳамдастонаш сардори зершӯъбаи тафтишот Ҷурахон Файзуллоев ва сардори хадамоти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонуни моддаҳои нашъаовари ШКД — и ноҳияи Ҷ. Румӣ А. Ямаков, соли 2008 аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Дар рафти тафтишоти пешакӣ боз 7 парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҳаракатҳои ғайриқонунӣ оғоз шуд.                   Дар рафти тафтишоти пешакӣ гуноҳи Р. Шарипов дар содир намудани ҷиноятҳои мутобиқ ба моддаи 111 к.2.б. «а», 147 к.2 б. «а,б», 247 к.2 б. «а,б,в,г», Ҷ. Файзуллоев бо моддаҳои 11 к.2 б. «в» А. Ямаков бо моддаҳои КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пуррра тасдиқ и худро ёфтаанд.

Февраль 12, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид