САРМОЯГУЗОРӢ ДАР МӮЪМИНОБОД

Февраль 13, 2009 11:35

              Мӯъминобод, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Мӯъминобод дар соли 2008 аз ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 76 миллиону 482 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгарӣ ба анҷом расид.              Муовини раиси ноҳия Давлаталӣ Набиев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2007 5 маротиба зиёд буда, асосан ба сохтмони биноҳои мактабҳо ва беморхонаҳо алоқаманд аст. Аз ҷумла, бинои мактаб барои 90 нафар хонанда дар деҳаи Қипчоқ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, сохтмони мактаб дар деҳаи Сомдара барои 100 нафар хонанда бо маблағи 390 ҳазор сомонӣ ва амсоли инҳо сохта шуданд.              Гуфтанист, ки дар баробари ин аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия ва ба таври ҳашар 4 синфхона дар мактаби рақами 36, 3 синфхона дар мактаби рақами 49 ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Қипчоқ сохта ба истифода дода шуд.             Инчунин, дар ҳудуди ноҳия як пойгоҳи оббарорӣ бо дастгирии молиявии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохта ба истфода дода шуд.

Февраль 13, 2009 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид