САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ РОҲБАРИ ГУРУҲИ ХБА-ро ҚАБУЛ НАМУД
Душанбе, 11-ми феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбари гурӯҳи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикиистон Аксел Шиммелпфеннигро мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили тақвияти муносибатҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. О.Оқилов меҳмононро бо вазъи феълии иқтисодиёти Тоҷикистон ва тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар роҳи пешгирӣ ва бартарафсозии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ шинос намуда, иброз дошт, ки Барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон дар сатҳи хуб ва низоми муайян амалӣ мегардад ва изҳори боварӣ кард, ки ХБА дар амалисозии барномаи мазкур иштироки фаъол дорад. Дар навбати худ Аксел Шиммелпфенниг аз иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди ХБА ва амалӣ гардидани Барномаи махсуси мушоҳидавии ХБА аз ҷониби Ҳукумати ҶТ изҳори қаноатмандӣ карда таъкид намуд, ки ХБА таҳия ва пешниҳоди барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт дар Тоҷикистонро шурӯъ хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






