ШАРҲИ ХАДАМОТИ МАТБУОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ИТТИЛОИЯИ ХАДАМОТИ МАТБУОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Воситаҳои ахбори оммаи кишвар яке аз унсурҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон ба шумор мераванд ва дар рушду нумўи мамлакат ва ҷомеаи мо нақши сазовор доранд. Тавре аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи озод ва беҳтар гардидани дастёбии онҳо ба иттилооти расмӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир мекунад. Амри Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуот дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои ҳар семоҳа гувоҳи ин гуфтаҳо буда, дар таҷрибаи давлатҳои узви ИДМ падидаи нодир аст. Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммаро бе танқид ва таҳлилу муҳокимаронӣ перомуни масъалаҳо ва мавзўҳои доғи рўз тасаввур карда намешавад. Маълум аст, ки ҳеҷ гуна пешравию тараққиёт бидуни танқид ба даст намеояд. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ин рисолати хешро хуб дарк мекунанд ва ҳамарўза маводҳои таҳлилию танқидӣ ба табъ мерасонанд ё пахш менамоянд, ки аксаран ба мавзўю масъалаҳои мубрами рўз бахшида шудаанд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» маводҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма дарҷ ва пахш мешаванд ва ба пешниҳодҳо ва арзу шикояти шаҳрвандон вобаста мебошанд, аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассисаҳо бояд баррасӣ ва нисбати онҳо чораҷўӣ карда шаванд. Вале, мутаассифона, ба ин нигоҳ накарда, аксари маводҳои танқидиву таҳлилие, ки тавассути барномаҳои телевизиону радио пахш мешаванд ва дар рўзномаву маҷаллаҳо дарҷ мегарданд, аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ беҷавоб мемонанд. Ҳол он ки воситаҳои ахбори омма дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии дахлдор метавонанд ҷиҳати ба аҳолӣ фаҳмонда додани сабабҳои бўҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои он дар мамлакат нақши муассир дошта бошанд. Аз ин лиҷоз Фармони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.








Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон






