ШУДГОРИ ЗАМИНҲО КАШОЛ МЕЁБАД
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ майдони 657 ҳазору 535 гектар замин барои ҳосили соли 2009 шудгор карда мешавад. То 23-юми феврали соли ҷорӣ масоҳати 445 ҳазору 350 гектар замин шудгор карда шудааст, ки баробари 67,7 фоизи дурнамо мебошад. Аз ҳисоби заминҳои шудгоршуда, 237 ҳазору 112 гектари он заминхои пахта мебошанд. То имрӯз ҳамагӣ 186 ҳазору 624 гектар заминҳои барои пахта ҷудошуда шудгор карда шудааст, ки он 78,8 фоизи заминҳои барои кишти пахта пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, кишоварзони ноҳияи Ваҳдат шудгори заминро иҷро намуданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






