ШУМОРАИ НАШЪАМАНДОН ДАР МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АФЗУД
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз рӯи маълумоти раёсати назорати маводи нашъадори СММ дар Осиёи Марказӣ, шумораи нашъамандон дар мамлакатҳои минтақа айни ҳол аз 280 ҳазор нафар ҳам зиёд аст. Дар Ӯзбекистон 130 ҳазор, дар Қазоқистон 100 ҳазор, дар Қирғизистон 26 ҳазор ва дар Тоҷикистон 23 ҳазор бемори нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора дар маълумоти роҳбари раёсати назорати маводи нашъадори СММ дар Осиёи Марказӣ Ҷеймс Каллахон сухан меравад. Ба қавли ӯ, сабаби афзудани нашъамандон дар Осиёи Марказӣ ба он вобаста мебошад, ки мамлакатҳои минтақа бо Афғонистон ҳамсарҳад буда, қисми зиёди маводи нашъадори ин мамлакат ба воситаи қаламрави мамлакатҳои Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад. Соли 2007 дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳамагӣ 98, 8 ҳазор нашъаманд ба қайд гирифта шуда буд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






