СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР БОЗОРҲО БЕҲТАР МЕГАРДАД

Февраль 26, 2009 15:23

                  Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа дар масъалаи беҳтар сохтани сифати хизматрасонӣ дар бозорҳо семинар баргузор гардид. Дар он раисони ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру навоҳӣ, роҳбарони бозорҳо, ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон, мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» директорони марказҳои ташхиси моли вилояти Хатлон ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Семинар бо ташаббуси агентии «Тоҷикстандарт» ва раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» гузаронида шуд. Ҳадафи он иҷрои амру супориш ва эродҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон оиди тоза нигоҳ доштани бозорҳо ва танзими фаъолияти онҳо мебошад.                    Семинарро сардори раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев кушод. Сипас директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов дар бораи вазъияти имрӯзаи бозорҳо, тарзи хизматрасонӣ дар онҳо, зарурати арзон кардани нархи маҳсулоти кишоварзӣ, ба фӯруш баровардани маҳсулоти хушсифат, риоя кардани тартибу интизоми ҷамъиятӣ дар бозорҳо сухан ронда, таъкид кард, ки бозордории имрӯза ба талабот ҷавобгӯ нест.                    Бояд гуфт, ки қабл аз баргузории семинар вазъи имрӯзаи ҳамаи бозорҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и вилояти Хатлон аз ҷумла бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, бозори «Мустақил»-и Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҳамадонӣ, бозори «Навобод»-и ноҳияи Ховалинг, бозорҳои ноҳияҳои Восеъ, Мӯъминобод ва ғайра омӯхта, доир ба ҳар бозор гузориш омода гардида, қайд карда шуд, ки, дар ин бозорҳо камбудиҳо зиёданд. Бе сертификати мутобиқат ба баровардани мол, истифодаи тарозуҳои ғайристандартӣ, афзоиши фурӯши молҳои бадсифат дар бозорҳо, бозорҳое, ки ғайриқонунӣ амал мекунанд ва ғайра аз ҳамин қабиланд.                    Сипас, раисони ҷамъиятҳои матлубот ва роҳбарони бозорҳои вилоят, аз ҷумла бозорҳои ноҳияи Хуросон, Ёвон, Қумсангир ва Ҷомӣ дар бораи фаъолияти бозорҳо маълумот доданд.                     Дар семинар нақшаи чорабиниҳо барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти бозорҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва нақшаи назорати инспексионӣ оиди рафъи камбудиҳо дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Иттифоқи ҷамъиятии матлуботи вилояти Хатлон тасдиқ карда шудаанд.

Февраль 26, 2009 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид