СИМОИ БАДАХШОН КУЛЛАН ТАҒЙИР МЕЁБАД
Душанбе, 11 феврал (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, айни замон дар қаламрави вилоят 202 иншоот бо 111 миллион сомонӣ, ки аз маблағи мутамарказонидашудаи ҷумҳурӣ мебошад бунёд карда мешаванд. Боиси афсӯс аст, ки аз худкунии маблағ дар иншоотҳои сохтмонӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Соли 2008 ҳамагӣ 52 миллион сомонӣ дар соҳаи сохтмон аз худ карда шудааст, ки ин нисбат ба нақшаи ояндабинии иншоотҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ хеле кам аст. Сохта ба истифода додашудани 202 иншоот дар қаламрави Бадахшон симои онро ба таври шинохтанашаванда тағйир хоҳад дод.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






