СИРКИ ТОҶИК БА ЭРОН МЕРАВАД

Февраль 9, 2009 16:14

                  Душанбе, 9 феврал. АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Ҳунарпешагони сирки давлатии Тоҷикистон ба сафари ҳунарии дарозмуддат ба Эрон тайёрӣ мебинанд. Роҳбари студияи назди сирк Ашӯр Раҷабов соли гузашта ба шаҳри Кеши Эрон рафта, бо имкониятҳои эҷодию техникии сирки он шинос гардид. Ҷониби Эрон ҳамон вақт даъват кард, ки ҳунарпешагони сирки тоҷик соли 2009 ба шаҳри Кеш ва шаҳрҳои дигари Эрон ба сафари эҷодӣ бароянд.  Намояндагони сирки Эрон барномаи солинавии ҳунарпешагони сирки давлатии Тоҷикистонро тамошо карда, маъқул донистанд ва пешниҳод намуданд, ки ин барнома дар шаҳри Кеш намоиш дода шавад.                  Ба меҳмонон хусусан ҳунарнамоии шӯъбадабозон ва духтарони дорбоз писанд омад. Тибқи дархости онҳо баъзе хусусиятҳои намоиш ва либоси ҳунармандон ба талаботи тамошобинони эронӣ мувофиқ карда мешавад. Сафари ҳунарии ҳунарпешагони тоҷик дар Эрон аз моҳи апрел шурӯъ шуда, қариб шаш моҳ давом мекунад.Қабл аз ин барои тамошобинони пойтахт ва меҳмонони он ба пешвози иди Наврӯз барномаи махсуси идона намоиш дода хоҳад шуд.                 Ашӯр Раҷабов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки баъди сафари Эрон ҳунарпешагони сирк ба баъзе мамлакатҳои Аврупо сафар мекунанд.

Февраль 9, 2009 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!