СОҲИБКОРОН БА ВАТАН ДАСТИ ЁРӢ ДАРОЗ МЕКУНАНД

Февраль 2, 2009 12:15

                  Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавассути тамоми расонаҳои ҷумҳурӣ унвонии Президенти кишвар аз номи соҳибкорони ватанӣ ,ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, номаи ифтихор аз ҳисси миллӣ ва ватандорӣ бо мақсади дастгирии сиёсати энергетикии кишвар ирсол шудааст.                  Нома дар шароите ирсол гардидааст, ки дар кишвар камчинии барқ сахт эҳсос мегардад.                  Нарасидани барқ дар кишваре, ки дорои захоири калони об аст ва аз имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии мавҷуда, ки ҳамагӣ 5 фоизи он мавриди истифода мебошад, ҳамватанони моро, ки дар хориҷи кишвар ба соҳибкорӣ машғуланд, бетараф нагузошт.                   Соҳибкорон сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дар соҳаи энергетика дастгирӣ намуда, барои амалӣ шудани он аз омодагии худ иттилоъ доданд.                  Мо боварӣ дорем, ки соҳибкорони ватанӣ, ки дар дохили кишвар фаъолият мебаранд, сокинони ҷумҳурӣ, ки ифтихор аз ватандорӣ доранд, ба соҳибкорони ватаниамон ҳамовозӣ намуда, дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург саҳми арзанда ва таърихӣ хоҳанд гузошт.                  Имруз чашми модаронаи Ватан нигарони дасти босаховати фарзандони баору номусаш аст.Банда-Лаззат Диловарзод яке аз фардҳои ин давлати соҳибистиқлол, хоҳиши онро дорам, ки аз маошам ҳар моҳ ба андозаи 100 (сад) сомонӣ ба фонди дастгирии аҳолӣ дар сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикии кишвар гузаронида шавад.

Февраль 2, 2009 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид