СОХТМОНИ РОҲҲО ДАВОМ ДОРАД

Февраль 9, 2009 17:01

                  Душанбе, 9 феврал. АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Даври дуюми сохтмони роҳи мошингарди «Шоҳон — Зиғар» моҳи сентябр анҷом меёбад. Дар ин муддат қариб даҳ километр роҳ дар байни деҳаҳои Шоҳон ва Зиғар пурра барқарор карда хоҳад шуд. Бари роҳи мазкур 9 метр мебошад.                   Барномаи сохтмони роҳ кандан ва тахту ҳамвор кардани замин, тарконидани харсангҳо, пур кардани ҷойҳои холӣ, шағалпӯш намудани ҷойҳои кандашуда, бетонхобонӣ, хобондани қубурҳо, сохтмони кӯпрукҳо ва селгурезҳоро дар бар мегирад. Бо анҷоми барномаи мазкур дарозии роҳи сохташуда ба 29 километр мерасад. Барои сохтмони ин қитъаи роҳ Бонки рушди исломӣ 14 миллион доллари ИМА ва Ҳукумати Тоҷикистон 2 миллиону 130 ҳазор доллари ИМА ҷудо кардаанд. Сохтмони роҳи мазкур 1 декабри соли 2007 шурӯъ гардида буд. Роҳ моҳи сентябри соли 2011 дар арафаи таҷлили 20 — солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истифода дода мешавад.                 Даври сеюми сохтмони роҳ моҳи декабри соли равон оғоз меёбад. Дар доираи он 18,5 километр роҳ сохта мешавад, барои ин қариб 21 миллион доллари ИМА сарф карда хоҳад шуд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сохтмони роҳи мошингарди «Кӯлоб — Қалъаи Хумб» охири моҳи феврали соли равон оғоз меёбад. Тибқи барнома, дарозии роҳ сад километрро ташкил медиҳад. Дар қад — қади он дар болои дарёҳои Хирманҷо, Кишт ва Оби Ниёб се кӯпруки дароз сохта мешавад. Барои сохтани роҳи мазкур Ҳукумати Тоҷикистон ва панҷ бонки хориҷӣ маблағ ҷудо кардаанд.                 Арзиши сохтмони роҳ 160 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Ин роҳ низ соли 2011 дар арафаи 20 — солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ пурра ба истифода дода хоҳад шуд.                                                                                                                                        Тарҷумон — Қудратов А.  

Февраль 9, 2009 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад