СОКИНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ БО МАВОДИ НАШЪАДОР ДАСТГИР ГАРДИД

Февраль 12, 2009 16:41

                   Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 пойтахт бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор сокини ноҳияи Рӯдакӣ Адҳам Ҳамдамови 45-соларо дастгир намуданд.                    Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони ШКД ноҳияи мазкур ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт ронандаи мошини «Lexus»-ро дастгир намуданд, ки ҳангоми азназаргузарони аз ӯ қариб 0,5 килограмм героин ёфт ва мусодира гардид.                    Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Февраль 12, 2009 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид