СОЗМОНИ САДО ВА СИМОИ ЭРОН БА КУМИТАИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН КӮМАКИ ТЕХНИКӢ МЕРАСОНАД

Февраль 19, 2009 16:01

                    Душанбе, 19 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои дурнамои тақвияти ҳамкорӣ байни Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон 19 феврал зимни мулоқоти роҳбарони ин ду идора- Асадулло Раҳмонов ва Сайид Изатулло Зарқомӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд.                   Зимни мулоқоти судманд ҷонибҳо пешниҳод карданд, ки дар оянда ҳамкориро дар бахши табодули барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ инчунин, филмҳо тақвият бахшида, табодули кормандони радио ва телевизиони Тоҷикистонро ба Эрон таҳким мебахшанд.                 Зикр шуд, ки дар шаҳри Душанбе ташкили курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони эҷодию техникии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба манфиат буда он дар оянда созмон дода мешавад.                   Муовини аввали Раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдуманнонов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷараёни мулоқот раисони кумитаҳои радио ва телевизиони ду кишвари ҳамзабон инчунин, масъалаҳои расонидани кӯмакҳои техникиро ба Тоҷикистон, таъсиси шабакаи телевизионии кишварҳои форсизабонро баррасӣ намуданд.                   Баъд аз мулоқоташ Зарқомӣ аз марказҳои танзим ва пахши барномаю гуфторҳои радиои Тоҷикистон, муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» дидан намуда, бо фаъолияти ин муассисаҳо шинос шуд. Раиси Созмони садо ва симои Эрон ҳамзамон дар барномаи «Пайванд»-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон иштирок карда, бо фаъолияти телевизиони Тоҷикистон ошно гардид.

Февраль 19, 2009 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад