ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРӢ

Февраль 9, 2009 14:19

                 Душанбе, 9 феврал. АМИТ «Ховар»). — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъин гардид. Бо қарори дигари ҳукумат Абдуҷаббор Шамсов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ озод карда шуд. Фарҳодбек Шодмонбеков муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки генерал — лейтенант Шералӣ Сабзов сардори Раёсати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ва Мансур Бухориев сардори Раёсати мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД таъин гардиданд. Ш.Сабзов қабл аз ин ба Дафтари Интерпол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамуд, М.Бухориев дар вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом кор мекард.                                                                                                                                 Тарҷумон — Қудратов А. 

Февраль 9, 2009 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст