ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МИЛЛИИ ЭРОН ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Бахшида ба Рӯзи ҷашни миллии Эрон, ки 11 феврал таҷлил мегардад, шоми 10 феврал дар Душанбе Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст барои намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумон ва фарҳангиёни тоҷик маҷлиси танатанвӣ орост. Алиасғари Шердӯст роҷеъ ба нақши Инқилоби исломӣ дар Эрон, ки соли равон аз пирӯзии он 30 сол сипарӣ шуд, сухан кард. Мавсуф гуфт, ки бо пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон салтанати 2500- солаи режими шоҳаншоҳӣ пош хӯрда, дар низоми сиёсию иқтисодии ин кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Дар тӯли се даҳсолаи охир Эрон ба дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардида, дар байни кишварҳои ҷаҳон аз лиҳози рушд мақоми хоса дорад. Дар остонаи ҷашни миллӣ ба фазо сар додани радифи маснуъи замин «Умед»-ро, яке аз дастовардҳои бузурги технологияи муосир дар Эрон арзёбӣ кард. Дипломати эронӣ доир ба муносибатҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози назар карда, афзуд, ки муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар дар пояи баланд қарор дошта, иродаи сиёсии Сарони ҳар ду давлатҳо -Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинажод ба тақвияти муносибатҳои сифатан нав ва устувор нигаронида шудааст. Ҳамзамон, дар маҷлис муовини аввали Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми Эронро бо ин санаи таърихӣ шодбош гуфта, сатҳи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон баланд арзёбӣ кард.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






